Баргардонидани киштиҳои низомии Украина дар Қримро имконе ба Зеленский номиданд

Киштиҳои низомии Украина - "Бердянск", "Никопол" ва  "Яни Капу", ки дар моҳи ноябри соли 2018 аз ҷониби Русия дар Керч дастгир шуда буданд баргардонида шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Баргардонидани киштиҳои ҳарбии Украина, ки як сол пеш дар Қрим дастгир шуда буданд шаҳодат аз кӯшиши ба даст овардани сулҳ аст, гуфт Юрий Гемпел , роҳбари кумита оид ба масоили дипломатияи халқӣ ва муносибатҳои байналқалқии парлумони Қрим.

Леонид Пасечник: Зеленский метавонад дар Украина раисҷумҳури умеду орзуҳо боқӣ бимонад

Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст. 

Чанде пеш манбаъи сохторҳои низомии нимҷазира иттилоъ дода буд, ки киштиҳои "Бердянск", "Никопол" ва  "Яни Капу" дар тавақуфгоҳи Керч ҷояшонро тарк мекунанд, ки ин бо баргардонидани онҳо ба Украина сурат мегирад.

“Ин қарори дуруст ва мантиқӣ мебошад ва барои Украина метавонад як рамз бошад. Ин як иқдоми ҷиддӣ аз ҷониби Руссия баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳои хубу дӯстона ва ҳамчунин ҷустуҷӯи роҳҳои якдигарфаҳмӣ дар масоили байналмилалӣ мебошад”, - гуфт Гемпел.

Вай ҳамчунин қайд кардааст, ки аз ҷониби мақомоти Украина чунин амали дӯстонаро интизор аст, ки ин яке аз асоси хуб намудани муносибатҳои ҷонибҳо бо ҳам мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 25 ноябри соли 2018 киштиҳои ҳарбии Украина "Бердянск", "Никопол" ва  "Яни Капу" қоида муайяншударо вайрон карда ба марзи Русия гузаштанд.

Дар натиҷа қарори дастгир ҳамаи онҳо дода шуд, ки 24 низомӣ дастгир шуда буданд.