Ҳукми ҷавоне, ки 3 донишҷӯи Донишгоҳи тиббиро дар Душанбе корд зад

Додгоҳи шаҳри Душанбе, Абдулвосеъ Бобизодаи 24-соларо барои корд задани се донишҷӯи Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ба 16 соли зиндон маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Абдулвосеъ Бобизода, зодаи соли 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо гуруҳи ҳамроҳонаш дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон муноқиша кардааст, гузориш дод ВУД.

Корд ба чашм: қатли ваҳшиёнаи наварӯси ҳомила аз сӯи шавҳар

Манбаъ мегӯяд, Бобизода зимни ҷанҷол ба қисмҳои ҳаётан муҳими се донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ корд задааст.

Додгоҳи Душанбе дар пайи баррасии қазия се ҳамроҳи Бобизодаро бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардааст.

Худи Бобизода ба 16 соли зиндон маҳкум гардида, бар асоси қонуни афв аз чор як ҳиссаи ҷазои адонагардидааш кам шудааст.  

Қаблан мақомоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки  дар маҷмуъ дар доираи қонуни афв 7 ҳазор аз маҳбас озод мегарданд, 4500 нафари дигар аз ҷазоҳое, ки марбут ба ҳабс нестанд, озод мешаванд. Инчунин зиёда аз 2 ҳазор нафаре, ки парвандаашон дар ҳоли таҳқиқ аст, афв мегарданду муҳлати ҳабси маҳкумшудаҳои дигар кам мешавад.