Сафорат ба 140 муҳоҷир дар Боздоштгоҳи Маскав ройгон санади бозгашт ба Ватан дод

Рейд Федеральной миграционной службы.Архивное фото
Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия ба яке аз боздоштгоҳҳои шаҳри Маскав рафта аз ҳолати нигаҳдории шаҳрвандони ҷумҳурӣ ошно шуданд ва дар ҳамин Боздоштгоҳ ба 140 нафари шаҳрванди Тоҷикистон Шаҳодатномаи бозгашт ба кишвар ройгон супориданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Намояндаглни Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар маҳали Сахароваи шаҳри Москва рафта аз ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар он муассиса ошно гардиданд.

История Таджикистана на карте Москвы: Посольство Таджикистана в Москве
Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав: таърихи бино – навор

Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқоти намояндагони сафорат бо роҳбарияти муассисаи мазкур масъалаҳои таҳияи фаврии ҳуҷҷатнигорӣ ва фиристодани шаҳрвандони боздоштшуда ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Кормандони Хадамоти консулии Сафорат инчунин бо саволҳои шаҳрвандон посух дода, ба онҳо машваратҳои ҳуқуқӣ доданд. Ба ҳозирин оид ба қонунгузории кишвари иқомат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот пешниҳод шуд”,- таъкид намудааст сафорат.

Ҳамзамон, кормандони сафорат зимни боздид аз ин Боздоштгоҳ ба шаҳравандони кишвар, ки дар инҷо қарор доранд маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карданд.

Масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия қайд намуданд, ки дар боздоштгоҳ 162 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки аз он ба 140 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон ройгон таҳия гардид.

Ашхоси боқимонда баъд аз ба танзим овардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Тоҷикистон бозгардонида мешаванд.