Мақомоти Хуҷанд: хазонро дар шаҳр оташ занед 11 ҳазор сомонӣ ҷарима мешавед

Мақомоти шаҳри Хуҷанд ба шаҳрвандон хабар додааст, ки сӯзонидани баргҳои дарахтон ва дигар партовҳо қатъиян манъ аст ва барои чунин кирдор то 11 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд таъкид намудааст, ки сӯзонидани баргҳои дарахтон ва дигар партовҳо қатъиян манъ буда, он ба саломатии инсон осеби ҷиддӣ мерасонад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд.

Раисон бо бел ба мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд оғоз бахшиданд

“Ин амал, бахусус гирифторони бемориҳои қалб ва шушро азият, ба саломатии кӯдакон зиёни бештар мерасонад. Бино ба иттилоъи табибон сӯзонидани барги дарахт ба зиёда аз 20 узви инсон хатарҳои ҷиддӣ мерасонад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамзамон нафаскашӣ аз барги сӯзонидашуда метавонад ба дарди сар, гум шудани ҳуш, шиддати бемориҳои роҳи нафас ва ғайраҳо оварда расонад.

Манбаъ зикр намудааст, ки Қонунгузор барои чунин кирдор ҷавобгариро ба андозаи то 11 000 сомонӣ пешбинӣ намудааст.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд аз сокинон хоҳиш намудааст, ки агар онҳо табиатро дӯст медоранд, ба ин амал даст назананд.