Рашк: кордзан ҷабрдидаи 57-соларо дар ишқварзӣ бо занаш айбдор кард - видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати кордкашӣ дар бозори марказии ноҳияи Вахш хабар додааст, ки дар заминаи рашку гумони хиёнаткорӣ сар задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Нуриддин Сагатов, сокини 52-солаи ноҳияи Вахш дар заминаи рашк дар бозор ба Нурмуҳаммад Ҷумъаев, зодаи соли 1962 ҳамла карда, корд задааст, хабар дод ВУД.

Манбаъ афзуд, ҳодисаи кордкашӣ 23 октябр дар бозори марказии Ҳоҷӣ Кароматуллоҳи ноҳияи Вахш рух додаст.

ВУД тавзеҳ дод, ки Сагатов Ҷумъаевро барои доштани муносибатҳои маҳрамона бо ҳамсараш айбдор карда, бо корд ба гарданаш зарба задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. ВУД рашки Сагатов ва гумонаш дар бораи муносибати маҳрамонаи ҳамсараш бо Ҷумъаевро беасос хондааст.

Феълан додситонии ноҳияи Вахш алайҳи Сагатов бо иттиҳоми қасди куштор парвандаи ҷиноӣ боз карда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.