ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Cубҳи имрӯз дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Президент дар майдони назди театри Камоли Хуҷандӣ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардидааст.
Орд боз қимматтар шуд: нигаронии мардум аз гаронии нархи он дар Тоҷикистон
Бино ба гузориши дафтари матбуотии раиси шҳари Хуҷанд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, бо харидорон ва фурӯшандагон сӯҳбат кардааст.
Роҳбари вилоят таъкид намудааст, ки ташкили чунин ярмаркаҳо баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум ва захиранамоии маводи озуқа дар фасли тирамоҳу зимистон тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон пайваста ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.
Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-50 фисад арзиши маҳсулот пешкаш карда шуданд. Масалан, нархи як кило гӯшти гов 38 сомонӣ, гӯшти гӯспанд 40 сомонӣ, пиёз 90 дирам, сабзӣ 0,80 дирам, карам як сомонӣ, шалғам ва турб 80 дирам, картошка 1 сомонию 50 дирам, себ аз 2 то 4 сомонӣ, анор 7 сомонӣ, биринҷ 9 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд.
"Як халтаи орди 50 килоиро бо арзиши 175 сомонӣ мефурӯхтанд", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи иттилиои манбаъ, маҷмуъан кишоварзони вилоят беш аз 100 тонна маҳсулотро ба харидоронро пешниҳод намудаанд.