Омодагӣ ба сафари Раҳмон ба Узбакистон: Муҳриддин ба Тошканд рафт

Интизор меравад, Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Тошканд бо ҳамтоёни худ аз Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, вохӯрӣ ва мулоқот доир мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз барои мулоқот бо раҳбарони Вазорати умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ озими шаҳри Тошканд шуд, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Бо даъвати Медведев: сарони СҲШ ба Маскав мераванд

Манбаъ меафзояд, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар пойтахти Узбакистон бо ҳамтоёни худ аз Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон дидор ва мулоқот хоҳад кард.

Дар Ашқобод нишасти Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мешавад

Бояд зикр кард, ки раҳбарони вазоратҳои умури хориҷӣ Осиёи Миёна дар Тошканд, масоили омодагӣ ба ташрифи сарони кишварҳои минтақаро баррасӣ мекунанд.

Ба ҷуз ин, дар мулоқоти вазирон баррасии дурнамои рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ дар назар буда, оид ба масоили муҳими Осиёи Марказӣ ва байнулмилалӣ табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Душанбе боз мизбони президентҳо: Ҳукумат барои омодагӣ Расулзодаро роҳбар монд

Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми ноябр ба Тошканд барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сафар мекунад.

Таърифи вазири тоҷик аз амалиёти Русия дар Сурия ва ҳушдор аз ҷангиён дар Афғонистон

Баргузории нишасти дуюми ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақа нахуст рӯзи 12-уми апрел дар Тошканд пешбинӣ гардида буд, аммо бо мувофиқаи худи президентҳо ба таъхир гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 27 - уми ноябри соли равон дар шаҳри Тошканд дидори машварати сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд.

Охирин дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи март баргузор гардида буд. 

Он замон кишвардорон - Эмомалӣ Раҳмон, Сооронбой Жээнбеков, Шавкат Мирзиёев ва ҳамчунин раиси парлумони Туркманистон Акҷа Нурбердиев дар Нурсултон машварат карда буданд.