Парвози баланд: "Сомон Эйр" чархболи навашро дар Душанбе намоиш дод

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" чархболи "Airbus H125" - ро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муаррифӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Калиди чархбол 28 октябри соли 2019 дар маросими тантанавӣ дар заводи "Еврокоптер" дар шаҳри Нур-Султон ба роҳбарияти ширкат супорида шудааст.

Бино ба гузориши сомонаи ширкати "Сомон Эйр", имрӯз дар маросими муаррифии чархбол дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ ва шарикон ширкат кардаанд.

Чархболҳо, маркази савдо дар Суғд ва созишномаи 200 миллион евроӣ: натиҷаи мулоқоти Париж

H125 дар Қазоқистон васлу насб шуда, аввалин чархболи Airbus Helicopters дар Тоҷикистон мебошад.

Зимни муррифии чархбол директори генералии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" Томас В. Ҳаллам II, иттилоъ додааст, ки "байни ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва ширкати "Эйрбас" Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид, ки дар доираи он мо тасмим дорем дар ояндаи наздик парки худро боз бо 5 чархбол ва ҳавопаймоҳои сохти "Airbus" ғанӣ гардонем".

Бино ба гузориши манбаъ, H125 дар Қазоқистон васлу насб шуда, аввалин чархболи Airbus Helicopters дар Тоҷикистон мебошад.

H125 дар Қазоқистон васлу насб шуда, аввалин чархболи Airbus Helicopters дар Тоҷикистон мебошад.

Васлу насби чархбол муштарак бо ширкати "Еврокоптер Казахстан инжиниринг" амалӣ шуда, татбиқи лоиҳаи мазкур бо маблағгузорӣ ва дастгирии ширкати суғуртаи содиротии "KazakhExport" ва ҶСК "Ориёнбонк", бо ширкати бевоситаи сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон имконпазир гардидааст. 

Гуфта мешавад, ки чархболи H125 дорои амалиётнокии баланд, аёнияти аъло, ларзиши паст дар кабина буда, 5 ҷойи нишасти мусофирон дорад.

Модели H125 аз ҳамаи чархболҳои якмуҳаррикаи класси худ бо хусусиятҳои техникӣ, гуногунҷабҳагӣ, сатҳи бехатарӣ ва арзиши дастрас, инчунин аз ҷиҳати кор дар шароити шадид бартарӣ дошта, барои истифода дар баландкӯҳҳо ва иқлими гарм мутобиқ мебошад.

Зикр гардидааст, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд ва чархболи H125 дар баробари ғанисозии парки ҳавопаймоии ширкат ҳамчунин ба рушди сайёҳӣ ва тиҷорати авиатсионӣ дар дохили кишвар мусоидат хоҳад кард.

Алҳол ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Узбакистон муваффақона иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.