Орд боз қимматтар шуд: нигаронии мардум аз гаронии нархи он дар Тоҷикистон

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз афзоиши қиммати маҳсулоти хӯрокворӣ, ба вижа орд шадидан интиқод мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Боз ҳам қимматтар шудани арзиши орд дар бозору дӯконҳои Тоҷикистон, шаҳрвандонро нигарон намудаст.

Кумаки башарӣ: Тоҷикистон ба маблағи 43 миллион доллар орд ва дигар маҳсулот дарёфт кард

Ҳамакнун як халта орди 50 кг дар бозорҳо ба нархи 220 сомонӣ фурӯхта мешавад, дар ҳоле, ки қаблан нарзи он 200- 210 сомонӣ буд. Ба эҳтимоли зиёд арзиши ин навъ маҳсулоти хӯрокворӣ дар манотиқҳои дурдаст, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ин ҳам қимматтар ба фурӯш гузошта шавад.

Қиммати орди Тоҷикистон ба Узбакистон низ таъсир кард: нархи нон 40 дарсад гарон шуд

Ба иттилои Агентии оморӣ Тоҷикистон, воридоти орд ба Тоҷикистон давоми 7 моҳи охири соли равон дар муқоиса ба як соли пеш наздики 9,5 ҳазор тонна бештар будааст.

Воридоти гандум низ ба андозаи 43,3 ҳазор тонна бештар сурат гирифтааст.

Вале бо вуҷуди афзоиши воридоти орд, гароншавии нархи он дар Тоҷикистон сар аз моҳи сентябр шурӯъ намуда, то ҳол нархи он торафт рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Агар то моҳи сентябр шаҳрвандони Тоҷикистон як халта ордро ба қиммати 180 сомонӣ харидорӣ мекарданд, арзиши он якбора то ба 200 -210 сомонӣ ҷаҳид.

Нархи 1 халта орд дар Тоҷикистон аз 200 сомонӣ ҳам гаронтар шуд

Ва ҳоло бошад, нархи он боз ҳам гаронтар шуда ба 220 сомонӣ расидаст.

Феълан ҳукумати Тоҷикистон барои ба эътидол овардани арзиши орд, ягон хел чораандешӣ накарда истодааст.