Ҷашнҳои рӯзи 14 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 14 - уми ноябр ҳамчун рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи деабети қанд буда, дар Русия аз рӯзи ҷомеашиносон ҷашн гирифта мешавад
Sputnik

Рӯзи 14 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1900  Сенати Фаронса ба занон иҷозати дар адвокатура кор кардан дод.

Ҷашнҳои рӯзи 11 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1947 Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи зери назорати Комиссияи муваққатии СММ оид ба Корея баргузор намудани интихоботи умумӣ дар саросари ин кишвар қарор қабул намуд.

Соли 1990  Полша ва Германия дар бораи эътироф намудани сарҳади давлатӣ созишнома ба имзо расониданд.

Соли 2000-ум  бунёдгузори ширкати "Microsoft" Билл Гейтс барои мубориза бо ВНМО (СПИД) ба Нигерия 25 миллион доллар ҷудо намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 14 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 14 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 дар шаҳри Душанбе намояндагии ширкати "Alcatel" ифтитоҳ гардид.

Соли 2014 масъалаҳои парламентӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва илмиву фарҳанги Тоҷикистону Русия муҳокима шуданд.

Соли 2015 миёни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Покистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2016 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни конститутсионии Тоҷикистон 2Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба имзо расониданд.

 

Ҷашнҳои рӯзи 14 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2017 дар Тоҷикистон таҳти унвони "Дӯстӣ ба хотири оянда" фестивали кинои Корея-2017 доир гашт.

 

Ҷашнҳои рӯзи 14 ноябр

  1. Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қанд.
  2. Дар Русия - Рӯзи ҷомеашиносон.
  3. Дар Белорус - Рӯзи оҳонгарон.

Рӯзи 14 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои 1847 - 1931 - Оҳангсоз, навозанда ва овозхон Содирхон Бобошарифов.

Соли 1973  – рӯзноманигор  Шапошник Роза.

Cоли 1959 - доктори илмҳои сиёсатшиносӣ (1998), профессори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Гулмаҳмад Зокиров.