Марги милиса дар Исфара: шарҳи ВУД

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон марги корманди милиса дар шаҳри Исфараро тасдиқ карда, ҷой доштани кушторро рад намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, маъмури милиса Исмоил Аламов, бар асари бемории қалб дар хонаи иҷорааш ҷон додааст.

Корд ба чашм: қатли ваҳшиёнаи наварӯси ҳомила аз сӯи шавҳар

Сухангӯи ВУД дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум Исмоил Аламов, нозири бахши пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонону ноболиғони шаҳри Исфара буда, шаби 10 ба 11-уми ноябр бар асари бемории дил дар хонаи иҷорааш фавтидаст.

Манбаъ афзуд, ки Аламов сокини ноҳияи Мастчоҳ буда, дар Исфара фаъолият мекард.

Котиботи ВУД Тоҷикистон ҷой доштани марги маҷбурӣ ва пайдо кардани ҷасади зан дар партовгоҳи Исфараро рад намуд.

Ахиран дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд, ки бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз як партовгоҳ дар ҷамоати Чоркуҳи Исфара ҷасади корманди милиса ва як ҷавонзан пайдо шуд. Инчунин фарзияи дигаре нашр шудааст, ки ҷасади корманди милиса бо ҷавонзан дар утоқи меҳмонхона бо нишони заҳролудшавӣ аз газ пайдо карда шудааст.

Мақомот мегӯянд, тафсилоти бештарро баъди таҳқиқ ироа хоҳанд кард.