ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Алимов Олимҷон Тоҷиддинович 18 ноябри соли 2018 бо шаҳрванд Назарова Суманмоҳ Ҳасановна тариқи никоҳи исломӣ оила барпо намудаанд.
Манбаъ афзуд, ки баъди ҳамагӣ чор моҳ - 24 марти соли 2019 Алимов зимни муноқишаи навбатӣ дар манзили зисташон дар деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш ҳамсарашро ба қатл расондааст.
Алимов бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ҳамсари ҳомиладорашро нахуст буғӣ карда, сипас бо корд ба чашму миёнаш зарба зада, куштаст.
“Сипас, бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содирнамудаи худ бо белу каланд фарши яке аз ҳуҷраи хонаашро канда ҷасади ҳамсараш Назароваро зери хок мекунад”, - омадааст дар иттилоияи Додситонии кул.
Дар пайи ошкор шудани қазия, алайҳи Алимов парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, Додгоҳи Хатлон шавҳари муттаҳамро ба муҳлати 22 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум намудаст.