ДОИШ дар Афғонистон ба гурӯҳи худ атбои хориҷӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷалб мекардааст

Дар шарқи Афғонистон беш аз 300 нафар ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ”* таслим шудааст, ки миёни онҳо занону кӯдакон зиёде мавҷуд аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ҷангҷӯёни таслимшуда ба нируҳои амниятии Афғнистон, дар бораи ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба гурӯҳи ДОИШ маълумот доданд, иттилоъ додааст сомонаи “Афғонистон.ру”.

Вазорати дифои Афғонистон: миёни кушташудагони ДОИШ-ӣ тоҷикон низ ҳастанд

Қаблан нируҳои махсуси Афғонистон зимни як амалиёт даҳҳо нафар ҷангҷӯёни ДОИШ-ро боздошт намуданд.

Табқи баъзе аз маълумотҳо теъдоди ҷангҷӯёни таслимшуда аз 45 то 300 нафарро ташкил медиҳад. Бештари таслимшудаҳоро занону кӯдакон ташкил додааст.

Сесад ҷангии ДОИШ дар Афғонистон ба мақомоти амниятӣ таслим шудаанд

Ҷангҷӯёни боздоштшуда, ки аъзои гурӯҳи террористӣ мебошанд, хабар доданд, ки дар гурӯҳи ДОИш атбои хориҷии зиёде аз кишварҳои арабӣ ҳаст. Инчунин миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон ва Русия низ мавҷуд аст.

* Ташкилоти террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ шудааст.