Бидуни боҷи гумрукӣ: Русия ба Тоҷикистон 260 ҳазор тонна маводи сӯхт таҳвил медиҳад

Тибқи созишномаҳо оид ба таҳвили нафт ва маҳсулоти нафтӣ, Русия ҳамчунин ба Тоҷикистон 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ низ содир мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Русия дар доираи тавозуни индикативӣ ва созишномаи байнидавлатӣ дар соли 2020 ба Тоҷикистон ба миқдори 260 ҳазор тонна бензин,  бидуни боҷи гумрукӣ ворид мекунад, хабар медиҳад Вазорати энержии ин кишвар.

Шартҳои нави Русия барои содироти нафт ба Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, бар замми ин Русия тасмим гирифтаст ба Тоҷикистон 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ ва 30 ҳазор тонна мазут интиқол диҳад.

Бояд зикр намуд, ки созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2013 амал мекунад.

Қаблан хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин созишнома дар мавриди интиқоли сӯзишвории нафтӣ ба Тоҷикистон ба тасвиб расонда буд.

Коҳиши тавлиди нафт дар Тоҷикистон

Ёдрас мешавем, ки созишнома дар бораи содироти бо имтиёзи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон моҳи феврали соли 2013 ба имзо расида буд. Тағйиру иловаҳо ба шартномаи мазкур моҳи 17 апрели соли 2019 ворид карда шуда буд.

Ба 2 сомонию 40 дирам кам дод: Додситонии кул аз фиребкорӣ дар НФС-ҳо гуфт

Тибқи санади мазкур ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтие, ки тариқи имтиёз ба Тоҷикистон содир мешавад муайян мегардад.

Русия солона то як миллион тонна маҳсулоти нафтиро бе гирифтани боҷи гумрукӣ дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад.

Дар ин созишнома гуфта шудааст, ки Тоҷикистон ҳақ надорад, ин миқдор маҳсулоти нафтии бе боҷи гумрукиро ба кишвари севум, аз ҷумла Афғонистон, интиқол диҳад. Вагарна Маскав иҷрои ин созишномаро якҷониба қатъ хоҳад кард.

Тағйиру иловаҳои навбатӣ дар санади мазкур муҳлат ва пешниҳоди бозхонди мувақатти ё пурраи санади гумрукиро муайян менамояд. Инчунин, санади мазкур пардохти ниҳоиро дар сурати анҷом ёфтани муҳлате, ки дар протокло зикр шудааст, нишон медиҳад.