Таъини сафири нави Ҷопон дар Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки Такаюкӣ Мияшита, сафири нави Ҷопон нусхаи эътимодномаашро ба Хусрав Нозирӣ, ноиби аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон супоридааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУХ, дар мулоқот бо сафири навтаъин, ки 12 ноябр баргузор шуд,  Нозирӣ Мияшитаро бо мақоми наваш шодбош гуфта, дар амалӣ намудани рисолати дипломатияш дар Тоҷикистон муваффақият хостааст.

Паёми хайрбодии Файзов ба сафири Ҷопон дар Тоҷикистон

Манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо таҳкими муносиботи Ҷопону Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи натиҷаҳои сафари расмии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопонро, ки  3-5 октябри соли 2018 баргузор шуд, баррасӣ намуданд.

Такаюкӣ Мияшита дар мақоми сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷима Китаокаро иваз кард.

Китаока, сафири қаблии Ҷопон дар Душанбе, ахиран бо қарори Ҳукумати кишвараш ба мақоми сафир дар Эстония таъин гардид. Бар асоси тасмими Ҳукумат, ки расонаҳои ҷопонӣ онро нашр кардаанд, Китаока кор дар мақоми навашро аз даҳаи дуюми моҳи сентябр оғоз мекунад.

Ҳаҷима Китаока соли 2016-ум ба мақоми сафири Ҷопон дар Тоҷикистон таъин шуд ва дар ин мансаб Такаши Камадаро иваз карда буд.