Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомид Карзай авзои Афғонистонро баррасӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳомид Карзай, собиқ раисиҷумҳури Афғонистон рушди муносиботу дӯстӣ миёни ду кишварро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҳомид Карзай бо сафари дӯстона ба Душанбе ташриф овардаст.  Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай 13 ноябр дар Қасри Миллат баргузор шуд.

Кушта шудани “Сайфуллоҳ – ака” ва як узбакистонии дигар дар шимоли Афғонистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон меҳмони олиқадр, муҳтарам Ҳомид Карзайро хайрамақдам гуфта, аз ин имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ кардаст.

“Дар мулоқот масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба муносиботи ду давлати ҳамсоя ва мардумони ҳамфарҳанги онҳо, авзои кунунӣ ва дурнамои рушду густариши иқтисодиёти Афғонистон, таъмини сулҳу субот дар ин кишвар ва атрофи масоили дигари минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯ карданд, хабар дод котиботи Эмомалӣ Раҳмон.

Дар мулоқот таъкид шудааст, ки барои ҳифзи суботу оромӣ дар минтақа, тарғиби фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа чун терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бояд аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда фаъолона истифода бурд.