ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар Қасри Елисей аз Аълоҳазрат Оқохони lV гарм истиқбол кард.
Барои истиқболи Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оқохони lV саҳни ҳавлии Қасри Елисей идона ороста шуда, горди фахрӣ саф кашида буд.
Имсол форум ба мавзӯъҳои тағйирёбии иқлим, амнияти киберӣ ва сифати идоракунии давлатӣ бахшида шудааст.
Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар Урупо қарор дорад, бо Шоҳзода Карим Оқохони IV мулоқот кард ва масоили ҳамкории Тоҷикистон бо “Ташкилоти Оқохон оид ба рушд”-ро баррасӣ намуд.Ҳамчунин, дирӯз дар дар доираи ширкат дар чорабиниҳои ҳамоиши Порис оид ба Сулҳ ҳамчунин, суҳбати Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Фаронса Эммануэл Макрон доир гардид.
Суҳбати сеҷониба дар Фаронса: Эммануэл Макрон ва Антониу Гуттериш ба Раҳмон чӣ гуфтанд?
Ҷамоати исмоилии Тоҷикистон, ки умдатан дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд, яке аз бузургтарин ҷамоатҳои ин тариқат дар ҷаҳон дониста мешавад. Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор пайрави исмоилия зиндагӣ мекунанд.