Вазорати нақлиёти Афғонистон дар бораи аввалин ҳамлу нақли маҳсулоти эронӣ ба Тоҷикистон тариқи шоҳроҳи Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон хабар дод.
Геворгян: барои Тоҷикистон барқарор намудани ҳамкорӣ бо Эрон муҳим аст
© Sputnik
Аввалин бастаи маҳсулоти эронӣ ба Тоҷикистон тариқи роҳи нав ба таври озмоишӣ равон шудааст, ки дар ҳоли ҳозир ба вилояти Нимрӯзи Афғонистон расидааст.
Геворгян бар онаст, ки Эрон манфиатдор аст, ки ҳузури худро дар Осиёи марказӣ пурзур намояд ва ба ҳамин хотир ин кишвар мехоҳад тариқи ҳамин роҳ ҳамкориҳояшро тақвият диҳад.
“Эрон дар нанотехнология дар ҷои шашум қарор дорад ва аз ин кишвар ба Тоҷикистон метавонад маҳсулоти хуби технологӣ ворид гардад. Дар навбати худ эрониҳо аз Тоҷикистон имкони хариди гушти гусфанд бихаранд. Эрон аз гушти гусфанд танқисӣ мекашад.. барқарор намудани равобит бо Эрон ба нафъи Тоҷикистон ҳам ҳаст, чунки Тоҷикистону Эрон забону фарҳанги муштарак доранд”, - гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.
Вай инчунин афзуд, ки Эрон ин роҳро ба хотири мушкил будани ҳамлу нақл тариқи Туркманистон интихоб кардааст.