Ҷаримаи мақомдори Бохтар барои қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани замин

Додгоҳи шаҳри Бохтар Дилшод Кенҷаев, собиқ мақомдори идораи замини шаҳри мазкурро барои қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани замин ҷарима бастаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Кенҷаев аз 1 феврали соли 2017 то 2 январи соли 2018 ҳамчун мутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар фаъолият карда, даст ба қаллобӣ задааст.

Ожонси зидди фасод раиси ҷамоати Чорсӯи шаҳри Ваҳдатро дастгир кардааст

Додситонӣ мегӯяд, Кенҷаев бо сӯиистифодаи мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд Қодиров Абдуқаҳҳор, сокини маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар даромада, барои ҷудо кардани замин 20 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ӯ ба ивази ин маблағ ваъда додааст, ки  аз замини ёрирасони президентии падари Абдуқаҳҳор -  Қодиров Набиҷон Маҳмадович барои писар қитъаи замини наздиҳавлигӣ медиҳад.

Додситонӣ таъкид намудааст, ки додани замин ба ваколати Кенҷаев дохил намебошад ва ӯ маблағи гирифтаашро, ба манфиати худ истифода намуда, ба Қодиров зарари калони моддӣ расонидааст.

Додгоҳи шаҳри Бохтар Кенҷаевро дар қаллобию ғайриқонунӣ додани замин гунаҳкор дониста ҷарима бастааст. Феълан назари худи Кенҷаев дар бораи ин қазия маълум нест.