Ардашер Қодирӣ дар Малайзия аз ҷонфидоиҳои Эмомалӣ Раҳмон гуфт

Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ оид ба таърихи ташаккули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонфидоиҳои абардмардони халқи тоҷик, алалхусус нақши боризи Эмомалӣ Раҳмон дар таҳияи Конститутсия ва қабули он, гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Рӯзи 8 ноябр дар Куала-Лумпур сафорати Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури ҳамватанони муқими  Малайзия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик, чорабинӣ доир намуд.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.

"Халқ сарчашмаи ҳокимият аст": Қосим Роҳбар аз интихоботу Конститутсия гуфт

Гуфта мешавад, ки дар чорабинии мазкур сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, оид ба таърихи ташаккули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонфидоиҳои абардмардони халқи тоҷик, алалхусус нақши боризи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳияи Конститутсия ва қабули он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, ки ин санади олии сиёсиву ҳуқуқиро ба маромномаи халқи тоҷик табдил дод, таъкид дошт.

Шашуми ноябр - Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон

Инчунин дар рафти чорабинӣ ғолибони озмун, ки дар навиштани иншо дар мавзӯи 25-солагии ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок доштанд, бо ифтихорномаю сипосномаҳои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия сарфароз гардонида шуданд.