Ҳафтаи муди Tajikistan Fashion Week SS'20 рӯзи 7 ноябр дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe оғоз шуд.
Дар Ҳафтаи муди Душанбе тарроҳони ҷавон назари худро ба либоси замонавии мардону занони шарқ нишон доданд. Тарроҳони ҷавон аз кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ маҳсули дасти худро пешкаши тамошобинон карданд.
"Tajikistan Fashion Week - чорабинии бузурги фарҳангӣ мебошад, ки ҳамасола дар Тоҷикистон баргузор шуда, халқҳои гуногунро ба ҳам оварда, ҳунармандони ҷавонро рӯи саҳна меоранд", - қайд карданд баргузоркунандагони чорабинӣ.
Тарроҳи тоҷик Зебуннисо Ятимова барои намоиши пироҳанҳои дӯхтааш беҳтаринашро интихоб кардааст.
"Ҷамъият ба мардум мегӯяд чӣ гуна бояд буд, вале мо дарк мекунем, ки идеалӣ шудан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ мо худро тавре намоиш медиҳем, ки дар асл чунин ҳастем. Ҳар як духтар бояд худро чӣ гунае ки ҳаст, қабул кунад", - мегӯяд Ятимова.
Имсол ба Ҳафтаи муди Тоҷикистон тарроҳони машҳур аз қабили Умед Кучкалиев, Нафиса Имронова, бунёдгузори бренди PARI Collection Ҳамроева Сабина ва бунёдгузори бренди Moyo Муҳайё Рустамзода низ омада буданд.