Коршинос: пайвастшавии Узбакистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба нафъи ҳама аст

Алексей Купрянов, аъзои клуби байналмилалии машваратии “Вайлдай” шомилшаваии Узбакистонро баИттиҳоди иқтисодии Авруосиё шабеҳ дод ба мошине, ки аз нав ҳамаи тасмаҳояш мустаҳкамтар карда мешаванд ва бемамоният ҳаракаташро давом медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Идеяи воридшавии Узбакистонро ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё набояд зиёд кашола дод, мегӯяд Алексей Куприянов корманди илмии Пажуҳишгоҳи миллии таҳқиқоти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии ба номи Е.М. Примаков, ки ҳоло дар кори Х-умин конфронси Осиё клуби “Валдай” дар Самарқанд иштирок карда истодааст. Ба ақидаи коршинос дигар интизори беҳтар шудани вазъ дар Осиёи Миёнаро “то он ҳадде, ки ҳама олӣ бошад” нашояд.   

Путин дар ҳузури Раҳмон дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфт

“Ягон кишвар чунин намекунад, ягон кишвар иқтисодашро то дараҷаи олӣ намерасонад ва танҳо баъд ба шомилшавӣ ба созмонҳои иқтисодии байналмилалӣ шуруъ кунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳарчӣ дар иқтисодиёт мегузарад ба сиёсати берунаи ҳар як кишвар рабт дорад. Барои ҳамин вазъро дар Осиёи Миёна то ҳадди олӣ интизор шудан нашояд ва танҳо баъд барои шомил шудан ба ягон созмон ё иттиҳод онҳоро даъват кард. Сохтори иловагӣ худ метавонад воситае бошад, ки вазъро то ба дараҷаи олӣ оварда расонад”, - гуфт Алексей Купрянов. 

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои Русия яке аз калонтарин лоиҳаҳои якҷоякунии кишварҳост. Аз рӯи баҳои коршинос Русия мехоҳад, ки ҳарчи бештар кишварҳои иқтисоддон бо таҷрибаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ин созмони нав пайваст шаванд.

Коршиносон: имкониятҳои Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

 “Бояд гуфт, ки ин лоиҳа дар шакли Иттиҳоди Шӯравӣ пешбинӣ нашудааст. Мо намехоҳем аз нигоҳи сиёсӣ Иттиҳоди Шӯравиро барқарор кунем ин барои мо муфид нест, мо мехоҳем танҳо он пойгоҳи иқтисодиеро, ки дар натиҷаи пош хӯрдани ИҶШС аз байн рафта буд барқарор кунем. Дар Русия мо бо ҳолатҳое дучор шудем, ки маҷбур баъзе соҳаҳои саноати мавҷударо аз байн барем ва ба ҷои онҳое, ки дар сарзамини дигар кишварҳо монда буданд аз нав созмон диҳем”, - қайд кард коршинос.

Куприянов бар он аст, ки Узбакистон дар ҳолест, ки барои пиёда кардани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо назардошти баъзе монеаҳо мушкилиҳо дорад.

 “Аммо агар мо ҳама кишварҳо якҷо шавем, аз нав он машинаеро, ки замоне вуҷуд дошт аз нав барқарор мекунем. Мо мехоҳем, ки механизми ягонаи иқтисодӣ ба таври самаранок ба кор шуруъ кунад”, - мегӯяд Алексей Куприянов.  

Имтиёзи Русия барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Коршинос аз он ёдовар шуд, ки ҳоло миёни Русия ва Узбакистон гуфтушунидҳо дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодию сиёсӣ ба таври фаъолона ба роҳ монда шудаанд.  Ва мақсади гуфтушунидҳои клуби "Валдай" дар он аст, ки ҳамкориҳои илми ба роҳ монда шаванд: “Вобаста ба ин мо каме қафо мондаем ва кӯшиш мекунем механизми ҳамкориҳо миёни коршиносони рус ва узбакистонӣ пиёда карда шавад. Путин бо Мирзиёев мулоқот мекунанд, аммо мутаасифона ин кор миёни аҳли илми ҳарду кишвар ба таври дилхоҳ дида намешавад”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 10-11 ноябри соли равон дар шаҳри Самарқанд Х-умин конфронси Осиёии клуби “Валдай” баргузор гашта истодааст. Дар кори конфронс коршиносону мутахассисон аз Русия, Узбакистон,  Олмон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Филиппин, Шветсия, ва Ҷопон иштирок мекунанд.