Ёдгор Файзов: милисаҳои тоҷик доим дар сафи пеши муборизаҳо қарор доштанд

Раиси ВМКБ гуфтааст, замоне ба гузаштаи таърихи милитсияи тоҷик назар мекунем, пеши назар корнамоӣ, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ҷилвагар мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар толори Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ баргузор шудааст.

Таҷлили Рӯзи милиса дар Душанбе бо иштироки Раҳимзода, Шоҳиён, Раҳмон ва Ватанзода

Бино ба гузориши дастгоҳи раиси ВМКБ, дар чорабинии мазкур раиси вилоят Ёдгор Файзов, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон, муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов ва дигар шахсони расмӣ ширкат ва суханронӣ кардаанд.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов тамоми кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ро бо Рӯзи касбиашон табрику муборакбод намуда қайд кардааст, ки саҳми кормандони Вазорат дар таъмини волоияти қонун ва таъмини амният дар вилоят арзанда мебошад.

"Замоне, ки ба гузаштаи таърихи милитсияи тоҷик назар мекунем, пеши назари мо корнамоӣ, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллати бонангу номус ва куҳанбунёду бофарҳанг ҷилвагар мешаванд, ки саршор аз эҳсосу ғурури ватандӯстӣ мебошанд. Зеро онҳо ҳамеша баҳри ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи шараф, обрӯи давлату миллат, гиромӣ доштани осору эҷоди гаронбаҳои таърихӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият дар сафи пеши муборизаҳо қарор доштанд", - гуфтааст раиси вилоят.

Ӯ афзудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия чунин ёдовар карда буд: "Вазорати корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст".

Ёдгор Файзов гуфтааст, бо дастгирии Президент дар якчанд соли охир шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонӣ дар қисмҳои низомии кишвар, бахусус дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ беҳтар гардида, мувофиқи талаботи замони муосир ба роҳ монда шудааст.