Сокини Ҳамадонӣ, ки ҳамсарашро 13 корд зада ба пулис таслим шуд, 11 соли ҳабс гирифт

Додгоҳи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, сокини Ҳамадониро барои содир намудани ҳодисаи куштор ба 11 соли ҳабс маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Додгоҳи ноҳияи Восеъ, рӯзи 3 - юми октябри соли равон ҳукми Халифаев Фаррух, ки дар қатли бераҳмонаи ҳамсари худ даст доштаст, эълон гардид.

Куштори мудҳиши модари ҷавон ва духтарчаи 6-сола дар Суғд: шарҳи ВУД

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки Халифаев Фаррух, 18 июни соли 2018 тахминан соати 8-9 субҳ ба хонаи истиқоматии худ воқеъ дар кӯчаи М. Баҳодурови шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ рафта, ҳамсари худ Разоқова Арӯс Саидаҳроровнаро ба таври ваҳшиёна 13 маротиба корд зада, ба ҳалокат расондаст.

Куштор: Ҷӯрақулов барои қатли шавҳари хоҳараш ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

Далели ваҳшиёна куштани ҳамсарашро, Халифаев ба радди ҳамхобагӣ бо ӯ маънидод кардааст.

Пас аз қатл намудани ҳамсари худ Фаррух Разоқов барои иқрори гуноҳи содиркардаи худ ба шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳозир шудааст.

Прокурори ноҳия нисбати Халифаев  бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон (одамкӯшӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол намуд.

Пеши ҳамсар бо дигар занҳо суҳбат мекардааст: гузориши ВУД аз ҷинояти даҳшатовар-видео

Бо қарори додгоҳи ноҳияи Восеъ, Халифаев барои содир намудани ҷинояти одамкушӣ ба мӯҳлати 11 солу 6 моҳ бо нигаҳдорӣ дар муассисаи низомаш пурзӯр маҳкум гардид.