Холов барои хариди 2 800 доллар дар бозори "Ҳоҷӣ Шариф" ҷарима шуд

Додгоҳ як сокини шаҳри Бохтарро барои хариди ғайриқонунии асъорӣ хориҷӣ дар бозори "Ҳоҷӣ Шариф" ҷарима баст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Муомилот бо асъори хориҷӣ тибқи қонун манъ аст, гузориш медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Қарори додгоҳ: 27 ҳазор сомонӣ ҷарима барои мубодилаи 232 ҳазор рубл

Бино бар иттилои манбаъ, як сокини шаҳри Бохтар барои даст задан ба ин амал бо қарори додгоҳ ба пардохти ҷарима муваззаф карда шуд.

Гуфта мешавад, Холов Рустам рӯзи  2 июни соли 2019 дар дохили бозори Ҷамъияти дорои маъулияташ махдуди "Ҳоҷӣ Шариф"-и шаҳри Бохтар ба муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ даст зада, аз харидори шартӣ маблағи 2 ҳазору 800 доллари амрикоӣ бо қурби 9 сомонию 91 дирам, баробар ба 27 ҳазору 750 сомонӣ харидааст.

Дар Суғд шаҳрванди Русияро бо eвроҳои қалбакӣ дастгир намуданд

Оид ба ин ҳодиса аз тарафи прокурори шаҳри Бохтар нисбати Холов  бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.

Бо қарори суди шаҳрӣ  Холов  дар содир намудани ҷинояти зикршуда гунаҳгор дониста шуда,  ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда шуд.