Маҳмадаминов имзо кард: муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Барбадос барқарор мешавад

Интизор меравад, муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барбадос барқарор шаванд ва дар ин хусус ҳатто баёния низ ба тасвиб расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, муносибатҳои Тоҷикистону Барбадос аз сари нав барқарор мешаванд.

Роҳандозии муносиботи дипломатии Тоҷикистон бо Кения – “Кӯҳи сафед”

Дар ин хусус, дирӯз дар шаҳри Ню-Йорк санади муҳим ба имзо расид.

"Маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барбадост дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид", - омадааст дар хабар.

ВУХ Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки баёнияи муштаракро аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Барбадос Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Элизабет Томсон ба имзо расониданд.

Маврид ба зикр аст, ки Маҳмадамин Маҳмадаминов нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар даврони истиқлоли кишвар ва 25 соли узвият дар Созмони милали муттаҳид ба чунин мақоми баланд дар ниҳодҳои асосии СММ мансуб шудааст.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ чӣ гуфт?

Бояд тазаккур дод, ки Барбадос ба қатори 54 кишвари дунё шомил аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни раводид метавонанд ба он ҷо сафар кунанд.