Дар бозорҳои Покистон нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон пайдо хоҳад шуд

Сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар зимни мулоқот бо раиси вилояти Суғд омодагии кишварашро барои ба роҳ мондани боркашониҳо тавассути бандарҳои баҳрӣ ва ташкили нуқтҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар бозорҳои Покистон эълон дошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар дидору гуфтугӯ кард.

Раҳимзода бо сафири навтаъини Покистон масоили мубориза бо терроризмро баррасӣ намуд

Манбаъ қайд намудааст, ки тарафҳо зимни суҳбат аз густариши робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмиву техникии Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд таъкид намудааст, ки тарафҳо метавонанд бо истифода аз имконоти мавҷуда робитаҳоро дар арсаи воридоту содироти молу маҳсулот ва илму маориф тақвият бахшида, тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.

Дар навбати худ, сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар, қайд кард, ки ҳадафи сафари дипломатҳои покистонӣ ба вилояти Суғд низ мустаҳкам намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва пайвандҳои дӯстӣ миёни ду кишвар аст.

Ҳайати дипломатҳои покистонӣ зимни сафарашон ба вилояти Суғд аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд боздид намуданд.

Дар ҳамин ҳол, сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар инчунин омодагии кишварашро барои ба роҳ мондани боркашониҳо тавассути бандарҳои баҳрӣ ва ташкили нуқтҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар бозорҳои Покистон эълон дошт.

Тарафҳо ҳамзамон доир ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахши илму маориф ва таҳсили ҷавонони покистонӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олии вилояти Суғд табодули афкор намуданд.