Шералӣ Хайруллоев "дарозумртарин вазир" - и Тоҷикистон 70 сола шуд

Шералӣ Хайруллоев "дарозумртарин вазир" - и Ҳукумати Тоҷикистон ва собиқ мушовири раисиҷумҳур имрӯз 70 сола мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Шералӣ Хайруллоев генерал - палковник, ходими низомӣ ва давлатии тоҷик, собиқ мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон ва "дарозумртарин вазир", зодрӯз дорад.

Зиндагиномаи Шералӣ Хайруллоев

Шералӣ Хайруллоев 8 ноябри соли 1949 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст.

Аз омӯзгор то генерал: Саймумин Ятимов 64 сола шуд

Миллаташ тоҷик.

Соли 1970 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоддон хатм намудааст.

Аз соли 1970 то 1977 дар вазифаҳои ёвари сардори шӯъбаи молияи шаҳраки Паймаи поёни Красноярск, сардори шӯъбаи молияи шаҳри Қизили РАСС Тува, сардори хадамоти хӯроквории Красноярск, муовини командири шаҳри Қизили РАСС Тува фаъолият намудааст.

Солҳои 1977-1988 дар вазифаҳои муовини сардори профилакторияи муолиҷавию меҳнатии Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон, сардори муассисаи ислоҳотию меҳнатии №3/5-и Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон, сардори муассисаи №3/7-и Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон кор кардааст.

Шералӣ Хайруллоев "дарозумртарин вазир" - и Тоҷикистон 70 сола шуд

Аз соли 1988—1995 муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

"Дарозумртарин вазир" - и Ҳукумати Тоҷикистон

Солҳои 1995—2013 вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рӯзи 20-уми ноябри соли 2013  Эмомалӣ Раҳмон фармоне содир кард, ки тибқи он Шералӣ Хайруллоев пас аз 18 соли вазирӣ, аз симмати вазири дифоъи Тоҷикистон барканор шуд. Шералӣ Хайруллоев аз "дарозумртарин вазир" дар Ҳукумати Тоҷикистон шинохта шудааст.

25 январи 2014 Шералӣ Хайруллоев бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ таъин шуд.

Солли 2019 бо фармони Президенти Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи ёвари Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои амнияти миллӣ озод шуд.

Шералӣ Хайруллоев "дарозумртарин вазир" - и Тоҷикистон 70 сола шуд

Унвону мукофоти Шералӣ Хайруллоев

Шералӣ Хайруллоев рутбаи ҳарбии генерал-полковник дошта, бо ордени Ситораи Президент дараҷаи II, ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II, унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон" ва медали ҷашнии "20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.

Шералӣ Хайруллоев оиладор падари се фарзанд мебошад.