ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои Маъмур Юсуфов, сардори дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Қориҷон Аҳмадов, собиқадори ҷангу меҳнат буда, 98 соли зиндагии худро ба сар мебурд.
“Ӯ 19-уми ноябри соли 1942 дар синни 18-солагӣ дар баробари ҳазорҳо тоҷикистонӣ ба ҷабҳаи ҷангҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо Олмони фашистӣ рафт ва борҳо ҷароҳат бардошта, дар шифохонаҳои низомӣ табобат гирифт ва аз дигар майдони ҳарбро интихоб кардааст” – мегӯяд Маъмур Юсуфов.
Қориҷон Аҳмадов дар яке аз муҳорибаҳои калидии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ – ҷанг барои Сталинград ширкат намуда, захмӣ мешавад ва пас аз рухсат шудан аз шифохона дубора ба ба майдони набард меравад ва дар озодии шаҳрҳои Киев, Житомир, ҷумҳуриҳои собиқи урдугоҳи сотсиалистӣ - Чехословакияву Полша ва ҳам Австрия аз артиши Олмони фашистӣ саҳм мегирад.
Маъъмур Юсуфов мегӯяд, ҳоло дар шаҳри Хуҷанд танҳо як зан - собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунад, ки Малина Рабича ном дорад. Охирин марди он ҷанги таърихӣ (1941 – 1945) аз шаҳри Хуҷанд марҳум Қориҷон Аҳмадов буд.
Дар набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз шаҳри Хуҷанд 12 000 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Аз ин теъдод 1540 нафар бедарак шудаанд ва ду нафар унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, ду нафари дигар ҳар се дараҷаи “Шараф”, мӯътабартарин орден ё нишони ин ҷангро гирифтаанд. Дар ин робита раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба пайвандони Қориҷон Аҳмадов изҳори тасаллият кардааст.