ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дирӯз раисҷумҳури Муғулистон Халтмаагийн Баттулга аз дасти сафири Тоҷикистон Хайрулло ибодзода эътимоднома қабул кард.
Пас аз супоридани эътимоднома ба кишвардори Муғулистон, сафири тоҷик паёми раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмонро ба Халмаагийн Баттулга расонид.
Манбаъ меафзояд, Баттулга эҳтироми худро ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда, таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷабҳаи ду давлатро муҳим арзёбӣ намуд.
Сафири нави Олмон нусхаи эътимодномаашро ба муовини Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон супурд
Ёдовар мешавем, ки Ибодзода Хайрулло дар баробари сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон будан, ҳамзамон бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи июни соли равон ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Муғулистон низ таъин гарлил.