Ҷашнҳои рӯзи 7 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи ҳафтуми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи театр буда, дар Қирғизистон чун Рӯзи иттилоот ва матбуот таҷлил мешавад
Sputnik

Рӯзи 7 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1931 агентии иттилоотии "Хитойи сурх" (ҳоло "Синхуа") таъсис дода шуд.

Соли 1941 дар Майдони сурх паради қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 7 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1994 Кореяи Ҷанубӣ манъи муносибатҳои тиҷоратиро бо Кореяи Шимолӣ бекор кард.

Соли 1951 дар Киев аввалин маркази телевизионии Украина ба кор даромад.

Рӯзи 7 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1929 аввалин театри касбии тоҷик – ҳоло Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ифтитоҳ гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 7 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1959 студияи телевизионии Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2011 навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Узбакистон расман оғоз ёфт.

Соли 2014  Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии нави шаҳри Душанбе ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии он ба имзо расид.

Соли 2017 ҳамлагари дастаи "Истиқлол"-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов, ки дар  бозиҳои  Ҷоми АФК-2017 дар маҷмӯъ 9 тӯбро ба ҳадаф расонидааст, беҳтарин бозингари  мусобиқа дониста шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 7 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҷашнҳои рӯзи 7 ноябр

  • Рӯзи театри тоҷик.
  • Дар Қирғизистон- Рӯзи иттилоот ва матбуот.

Рӯзи 7 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1414-1492 – шоир ва олим Абдураҳмон Ҷомӣ.

Соли 1917-1997 – олим, шоир, профессор Воҳид Асрорӣ.

Соли 1917-1995 – журналист Назаршо Исломов.

Соли 1930 – сароянда, Ҳунрманди мардумии Тоҷикистон Муслима Боқиева.

Соли 1933 – олими ҷуғрофдон Ҷунайдулло Исматов.

Соли 1934 – олим, файласуф, директори Донишкадаи фалсафаи Академияи илмҳои ҶТ Мусо Диноршоев.

Соли 1937 – ҳунарманд ва режиссёр Ҳабибулло Абдураззоқов

Соли 1940 - шоир, корманди давлатӣ Усмон Назир.

Соли 1950 - ровӣ Абдурашид Хуҷамқулов.

Соли 1951  - нависанда Абдурофеъ Рабиев.