Шумори сайёҳони Тоҷикистон дар Русия беш аз 20 дарсад афзоиш ёфтааст

Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия ҳамчун сайёҳ меоянд аз аввали сол ба 22 дарсад афзоиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Шумори сайёҳони хориҷӣ, ки аз Русия дидан карданд, аз моҳи январ то сентябри соли 2019 ба 20,5 дарсад афзоиш ёфта, ба 4,3 миллион нафар расидааст, иттилоъ додааст Ассосиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳамагӣ дар даври ҳисоботӣ аз Русия наздик ба 25,7 миллион шаҳрвандони хориҷӣ дидан карданд(нисбат ба соли қабли 0,75 дарсад зиёд аст).

Путину арӯсон, бӯсаи Трамп, Медведев бо сайёҳон: 15 селфии машҳури сиёсатмадорон

Аз ҳама бештар дар моҳи январ-сентябр ба Русия сайёҳон аз Украина омаданд. Аз ин кишвар дар ин давра беш аз 6,7 миллион сайёҳ ворид шудааст.

Аз Тоҷикистон дар ин давра ба Русия барои сайёҳӣ 1,3 миллион нафар омадааст, ки дар маҷмӯъ 22 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Баъд аз Тоҷикистон дар ин феҳрист Қазоқистон (+1,13%), Узбакистон (+12,4%), Чин (+12,6%), Озарбойҷон (+3,1%) ва Қирғизистон (+14,4%) ҷойгир шудааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки аксари нафароне, ки аз ин кишварҳо ба Русия меоянд ё барои корӣ шахсӣ ё барои тиҷорат, харид ва ғайра меоянд.

Ба Русия асосан сайёҳони Чин меоянд. Шумори онҳо дар семоҳаи сеюми соли равон ба 1,3 миллион нафар расидааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 дарсад афзоиш ёфтааст.

Инчунин шумори сайёҳон аз амрико низ афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ба Русия ҳамчун сайёҳ наздик ба 222,8 ҳазор шаҳрванди Амрико ва 160,4 ҳазор нафар шаҳрванди Исроил омадааст.