Роҳбари “ФСБ” дар ҳузури Ятимов аз хатар ва нақшаҳои “ДОИШ” гуфт

Александр Бортников, роҳбари Хадамоти федералии амнияти Русия – “ФСБ”, дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти амнияти кишварҳои ИДМ, ки бо ҳузури Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон, дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, аз хатару нақшаҳои “ДОИШ” гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik.  Бортников дар Тошканд аз таҷаммӯи ҷангиёни “ДОИШ” дар Афғонистон зикр карда, ҳушдор дод, ки ҳадафашон роҳ ёфтан ва фаро гирифтани кишварҳои ИДМ мебошад.

Ду зан куштаю 3 боздошт шуданд: "ДОИШ аз занҳои истаравшанӣ маргталаб омода кардааст"

“Воҳидҳои “ДОИШ” дар Афғонистонро созмони ба ном “Вилояти Хуросон” муттаҳид мекунад, ки бо созмонҳои мамнуъи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ” ҳамкории зич доранд. Ҳадафашон фароҳам сохтани пойгоҳ барои фаро гирифтани қаламрави ИДМ мебошад”, - хабар дод РИА Новости аз қавли Бортников.

Роҳбари ФСБ зарурати таҳкими ҳифзи сарҳади ҷанубии ИДМ бо Афғонистонро таъкид карда, афзуд, ҳамкории мақомоти кишварҳои ИДМ бояд дар ин бахш бештар шавад.

Ӯ ҳамчунин зарур хонд, афроде, ки аз нуқтаҳои даргири Шарқи наздик баргаштаанд, мавриди назорат қарор гиранд. Ба гуфтаи Бортников, чораҳо алайҳи паҳнсозии ғояҳои террористию ифротгароӣ дар интернет низ бештар шаванд.

Ҳушдори Раҳнамо аз ҳамлаи “ДОИШ”: 20 нафар гузаштанд, ҳазорони дигар саф кашидаанд

Роҳбари “ФСБ” хабар дод, ки дар ҳамкорӣ бо ҳамтоён аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Узбакистон соли равон беш аз 13 гуруҳи марбут ба созмонҳои байналмилалии террористиро ошкор карда, 138 ҷангҷӯро боздошт намуданд.