Эрод ва талаби Эмомалӣ Раҳмон аз Радиои Озодӣ: ӯ овозаи басташавиро дурӯғ хонд-акс

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 7 ноябри соли 2019 дар шаҳри Сюрихи Швейтсария бо Ҷеймӣ Флай, президенти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” мулоқот кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масоили озодии матбуот ва таъмини озодии сухан дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва барои фароҳам овардани фазои озод ва муътадил ҷиҳати фаъолияти расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва берунӣ кушишҳо ба харҷ дода мешавад.

Шарҳи вазир дар бораи сабти ном нашудани рӯзноманигорони радиои "Озодӣ"

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “хабарҳо доир ба қатъи фаъолияти Радиои Озодӣ дуруғи маҳз аст ва имрӯз дар Тоҷикистон 18 нафар кормандони он ба қайд гирифта шудаанд ва озодона фаъолият мекунад, ҳол он, ки дар баъзан аз кишварҳои собиқ шуравӣ фаолияти Радиои Озодӣ тамоман манъ шудааст”.

Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, дар мулоқот ҳамчунин, таъкид гардид, ки солҳои охир Радиои Озодӣ бештар ба ташвиқу тарғиби хабарҳои вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудааст, машғул аст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаст, ки ба ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби кадом расонаҳои хабарие, ки набошад новобаста аз шакли тобеияташон роҳ дода намешавад.

Эрод ва талаби Эмомалӣ Раҳмон аз Радиои Озодӣ: ӯ овозаи басташавиро дурӯғ хонд-акс

“Фаъолияти ҳама гуна ВАО бояд қаътиян дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" ба роҳ монда шавад”, - изҳор доштаст Раҳмон.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” талаб кардаст, ки дар доираи фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ҳангоми инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвари мо ба таври воқеъбинона ва бо истифода аз афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ мавод омода намоянд.