ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Давоми ду моҳи ахир, Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе бинобар гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ, дар баъзе ноҳияҳои пойтахт интиқоли неруи барқро маҳдуд мекарданд.
Акнун тибқи эълоне, ки дар сомонаи Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе нашр гардидаст, интиқоли неруи барқ ба хонаи сокинони пойтахт дигар маҳдуд намешавад.
Барқкушӣ дар Душанбе: бархе кӯчаҳои пойтахт боз бе барқ мемонанд
Манбаъ меафзояд, танҳо дар ҳолати рух додани садамаҳои техникӣ, эҳтимол интиқоли неруи барқ қатъ мегардад. Зимнан Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе бо нашри ин хабар, аз ҳамаи сокинони пойтахт даъват ба амал овардаст, ки саривақт маблағи истифодаи неруи барқро пардохт намоянд.
Инчунин, манбаъ барои сокинони ҳамаи ноҳияҳо, телефонҳои бовариро нашр намудаст, ки дар сурати зарури метавонанд тамос бигиранд.
Барқкушӣ: имрӯз боз кадом кӯчаҳои Душанбе бе барқ мемонанд?
Ёдовар мешавем, ки қаблан Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе барои омода шудан ба мавсими тирамоҳ - зимистон корҳои таъмирву профилактикиро баргузор мекард ва барои ин кор дар баъзе аз ноҳияҳои Душанбе интиқоли неруи барқ аз соати 9:00 то 16:00 қатъ мегардид.