ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз таъмири литсеи Оқохон, ки бо харҷи 4 миллион сомонӣ таъмир шуд, боздид кард.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии раиси ВМКБ, раиси вилоят омӯзгорон ва хонандагони мактаб литсейи Оқохонро бо 25 солагии Рӯзи Конститутсия табрик намуда қайд кардааст, ки ин муассиса яке аз меваҳои шаҳдбори Ваҳдати милли ва ҳамкории муваффақ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бунёди Оқохон мебошад.
Раис гуфт, яке аз супоришҳои раисиҷумҳур ба соҳаи маориф ин ба роҳ мондани ки литсей омӯзиши ин забонҳоро хуб ба роҳ мондаастомӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла русӣ ва англисӣ мебошад
"Ман гуфта метавонам, ки ин муассисаи таълимӣ ин амри роҳбарияти олии мамлакатро бо сари баланд иҷро менамояд. Чунки дар ин мактаб забономӯзӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва барои мо боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад, ки ҷавонони зиёд аз вилоят дар ташкилотҳои байналмилалӣ, сохторҳои давлатӣ ва давлатҳои Урупо ва Амрико кору фаъолият карда истодаанд, ки ин хизмати бевоситаи ин муассисаи таълимӣ мебошад", - гуфт раиси вилоят.
Ӯ афзуд, ки ҷавобан ба ин дастгириҳо хатмкунандагони ин боргоҳи маърифат бояд баъди хатми мактаб ба халқу ватани худ содиқона хизмат намоянд, изҳор дошт раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов.
Литсейи Оқохони шаҳри Хоруғ яке аз муассисаҳои таълимии пешқадами ВМКБ мебошад, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда дорад.
Муассисаи таълимӣ соли 1998 бо ширкати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои исмоилиёни дунё Аълоҳазрат Оқохони 4 мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Имсол бошад бо маблағи 4 миллион сомонӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.
Дар муассисаи таълими 1080 нафар хонанда ва 72 нафар омузгор таҳсил ва фаъолият карда истодаанд.
Соли ҷорӣ 87 нафар хатмкунандагони ин муассиса ба Донишгоҳ ва донишкадаҳо дохил гардиданд, 47 нафари онҳо ба донишгоҳои хориҷи мамлакат дохил шудаанд.