Се медали тиллои хонандагони шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмиллалӣ- акс

Се муҳассилини шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмиллалӣ пирӯз шуда, аз Туркия ба Ватан се медали тилло оварданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Аз санаи 27-уми октябр то 3-юми ноябри соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия олимпиадаи байналмилаллӣ аз фанҳои таълимӣ гузаронида шуд, ки дар он чор нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ширкат карда, пирӯз шуданд.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд, дар ин олимпиада хонандагони муассисаи таълимии ғайридавлатии "Гулчини маърифат" Ҷаҳонгир Ҷӯраев ва Манучеҳр Турсунов сазовори медалҳои тилло гардида, толибаи синфи 10-и литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд - Фараҳноз низ дар ин озмун соҳиби медали тилло шуд.

Ҳамчунин муҳассили синфи 9-и МТМУ №2 Шаҳзода Ваҳҳобова сазовори ҷойи сеюм гардид.

Манбаъ афзуда, ки ғолибонро дар майдони назди Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, Муҳайё Акмалхӯҷаева мудири шуъбаи маорифи шаҳр, маъмурият ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии номбурда самимона пешвоз гирифтанд.