Эрдуғон мегӯяд бар асари ҳамалоти низомӣ дар шимоли Сурия ягон афроди мулкӣ зарар надид

Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бар ин назар аст, ки ҳамалоти ахири низомӣ дар шимоли Сурия ба ягон афроди мулкӣ зарар нарасонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik.  Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҷаласаи фраксияи Ҳизби ҳукмрон ва рушд дар парлумони кишвар гуфт,  ки амлиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия ҳамоно идома дорад ва то ғалаба намудан бар террористон онро қатъ нахоҳад кард, хабар медиҳад шабакаи The Sky New.

Раисҷумҳурии Туркия қайд намудаст, ки дар минтақаҳои бехавф ва ҳамчунин дар гирду атрофи он, ҳанӯз ҳам ҷангҷӯён қарор доранд ва онҳоро бояд маҳв кард.

"Дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар ин кишвар ҳеҷ як афроди мулкӣ, ҳатто ҷароҳати сабук ҳам набардоштанд", - афзудаст роҳбари Туркия дар ҷаласаи парлумонӣ

Изҳороти Эрдуғон дар ҳоле садо дод, ки чанде қабл сухангӯи парлумони маҳаллии Сурия, Илҳом Аҳмад изҳор намуд, ки дар рафти амалиёти Туркия дасти кам 509 афроди мулкӣ кушта шуд ва ҳамчунин 2733 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Созиши сарнавиштсози Путину Эрдуғон дар масоили Сурия

Ёдрас мешавем, ки ахиран Туркия дар хоки Сурия аз оғози амалиёт зидди ҷангҷӯёни курд ва террористон эълон карда буд. Амалиёти Туркия пас аз он шурӯъ шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз хуруҷи нерӯҳои кишвараш аз шимол-шарқи Сурия эълон кард.

Пас аз эъломи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ амалиёти низомии Туркия оғоз шуд ва Туркия онро “ҷанг бо терроризм” унвон кард. Туркия хостори таъсиси як "минтақаи амн"-и то 30-километрии дохили қаламрави Сурия аст. Аммо амалиёти Туркия боиси интиқоди аксарияти кишварҳои ҷаҳон шудааст.