Мусодираи корд аз як духтар дар "дискоклуб"- и Душанбе

Раёсати умурии дохилии шаҳри Душанбе аз идомаи амалиёти шартии "Корд" хабар дода, афзудааст, ки ин навбат дар қатори даҳҳо ҷавонону ноболиғон ҳамчунин аз як ҷавондухтар низ силоҳи сард мусодира шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ба иттилои Раёсати ВУД, танҳо дар ду рӯзи ахири марҳилаи саввуми амалиёти шартии "Корд", аз ҷониби кормандони пулис дар кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр аз даҳҳо ҷавонону ноболиғон корд ва дигар силоҳи сард дарёфт ва мусодира гардид.

Заъфи тарбия ё эҳсоси хатар: чаро донишомӯзон мусаллаҳ мешаванд

Манбаъ меафзояд, ки ин навбат кормандони милитсия дар маркази дилхушии "Самира" аз як ҷавондухтар, 1 адад корд дарёфт ва мусодира намуданд.

Номбурда, Элназарова Ҳавасмо Орифовна буда, соли таваллудаш 1998, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор мебошад.

Зимнан, дар ду рӯзи ин амалиёт, аниқтараш 1 ва 2 - юми ноябри соли равон, дар умум 16 адад корд, 1 ададӣ табар, дастачӯби резинӣ, кастет, ниқоб аз ҷавонону ноболиғон мусодира карда шуд.

Хонандагон ба ҷойи китоб ба мактаб корд мебаранд: боздошти се хонандаи синфи 11 бо корд

Раёсати ВУД мегӯяд, дар рафти гузаронидани амалиёти мазкур аз ҷайби ду нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт Хуваев Ёсинарофат Саидмуҳаммадов хонандаи синфи 7 "а" МТМУ № 16 ва Маҳмудов Шаҳбоз Қурбонович, хонандаи синфи 11 - МТМУ № 92 кордҳо дарёфт ва мусодира карда шуд.

Қобили зикр аст, ки  аз ибтидои амалиёт то ба имрӯз дар 3 марҳила аз санаи 12 октябр то 2 - ноябри соли ҷорӣ дар умум аз 40 нафар шаҳрвандон (12 нафар хонандагони МТМУ ва Литсейю Коллеҷҳо, 6 нафар донишҷуёни донишгоҳҳои олӣ, 22 нафар ҷавонон) 41 адад силоҳи сард ва предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда (32 корд, 1 табар, 2 кастет, 2 дастачуб, 3 электрошокер, 1 ниқоб) дарёфт ва мусодира карда шуд. 

Ҳушдори Раёсати ВУД ба сокинони пойтахт пас аз чандин ҳодисаи кордкашии ноболиғон

Раёсати ВУД мегӯяд, амалиёти шартии "Корд" анҷом наёфта ҳамоно идома меёбад.