Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, дар доираи тарҳи "Ҳифзи кӯдакон дар раванди муҳоҷират" ҷашнвора баргузор гардид, ки дар он кӯдакон соҳиби ҳуҷҷат шуданд.
Ҷашнвора ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва 30-солагии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак бахшида шуд.
Консерти диданӣ дар майдони ноҳияи Панҷ баргузор шуда, меҳмононро аз худи Душанбе ба худ ҷалб кард.
Ин ҷашни оддӣ нест.
Бунёди ЮНИСЕФ ва Вазорати адлияи Тоҷтикистон ин базмро бо дастгирии Шӯрои Урупо барои дастгирии кӯдакон, ки дар раванди муҳоҷират аз падару модари худ дур мондаанд, дар 16 шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузор кардааст.
Раҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини қайд кард, ки кӯдакон дар паи надоштани ҳуҷҷати аввалинашон аз хизматрасониҳо дар канор мемонанд.
"Мо ба ҳамтоёнамон аз ҳукумати Тоҷикистон барои чораандешӣ ҷиҳати беҳтар кардани ҷойгоҳи кӯдаконе, ки қурбони раванди муҳоҷират шудаанд, ва онҳое ҳам ки бесаробон мондаанд ва ҳамчунин ба Иттиҳои Урупо барои дастгирии ҳамешагӣ дар чунин ҳолатҳо, миннатдор ҳастем", - қайд кард Калестини.
Аҳволи кӯдакони муҳоҷирон: дурӣ аз Ватан ва ҷудоӣ аз падару модар
Аксари кӯдаконе, ки аз ҷониби волидони муҳоҷирашон партофта шудаанд, имрӯз ҳуқуқҳои худро ҳифз карда наметавонанд, чун ҳангоми таваллуд ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар доираи ин ҷашнвора 300 кӯдак соҳиби "ҳуҷҷати сабз" шуд. Дар баробари ин баргузоркунандагони ин чорабинӣ ба кӯдакон лавозимоти мактабӣ ва ҷузвдонҳои ширкати куреягӣ "Good Neighbors" туҳфа гирифтанд.
Пирӯзӣ бар тарс: раиси “Нур” мақсадҳои асосии олимпиада дар Маскавро гуфт - видео
Барои кӯдакон барномаи рангини фарҳангӣ, созу наво, рақсҳо, дорбозии масхарабозон ва мастер-классҳо пешкаш шуд.
Бояд гуфт, ки барномаи "Ҳифзи кӯдакон дар раванди муҳоҷират" дар Тоҷикистон аз соли 2017 инҷониб фаъол аст. Дар давоми се сол ин тарҳ ба беш аз 2,5 ҳазор кӯдак кӯмак кардааст.