Эҳтимоли гузаштани як деҳа аз Узбакистон ба Тоҷикистон

Эҳтимол меравад, қишлоқи тоҷикнишини Чодак дар ноҳияи Попи вилояти Намангони Узбакистон ба ҳудуди ноҳияи Ашти Тоҷикистон гузарад. Бар ивази ин ҷониби Тоҷикистон обанбори корхонаи маъдантозакунии Олмалиқро, ба ҳудуди Узбакистон таслим хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, дар ин масоил кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбакистон дар масъалаҳои муайянсозии хатти марз, сари ин тавофуқот идома дорад.

300 гектар замин ба Узбакистон!? Гап сари чист?

Қишлоқи тоҷикнишини Чодак беш аз панҷоҳ ҳазор аҳолӣ дорад ва он дар замони шӯравӣ ба ҳудуди ноҳияи Ашти Тоҷикистон дохил мешуд.

Протокол имзо шуд: Тоҷикистону Узбакистон масъалаи марзро баррасӣ карданд

Обанбори корхонаи маъдантозакунии Олмалиқи Узбакистон  воқеъ дар ноҳияи Масчоҳ ҳудуди ҳазор гектор заминро фаро мегирад.

Тоҷикистону Узбакистон ду давлати ҳамҷавор ба ҳисоб мераванд, аммо то ҳанӯз хатти марз миёни ду кишварҳо ба пуррагӣ муайян карда нашудаанд.

Марзи муштараки миёни ин ду кишвар бештар ноҳияҳои вилояти Суғди Тоҷикистон рос меояд.

Масири нави автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон: нархи чипта 25 сомонӣ

Масъулини идораҳои замин дар ноҳияҳои Масчоҳ ва Ашти Тоҷикистон дар бораи чунин тавофуқот изҳори бехабарӣ мекунанд ва мегуянд, ин масъалаҳо дар ҷаласаи кори комиссияҳо ва дар доираи ҳукуматҳои марказии ду давлат баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.