Ситораҳои эстрадаи Узбакистон ба Тоҷикистон меоянд

Дар Тоҷикистон зз 11 то 15 ноябри соли 2019 Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон баргузор мешавад. Ҳунармандони узбакистонӣ дар ин рӯзҳо ҳаводорони савту наворо шод хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Аз 11 то 15 ноябри соли 2019 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, 12 ноябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳо дар назар аст.

Ситоиши Юлдуз аз Шабнам: ӯ гуфт танҳо ба хотири як чиз бо Шабнам дуэт хонд

"Ман бисёр бераҳмам": Юлдуз Усмонова дар бораи сурудҳои худ ва ҷалби ҳаводоронаш

Шоми он рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат мегирад.

13 ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмии Рӯзҳо ба ноҳияи Данғара сафар карда, ба сокинон ва меҳмонони ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод мекунанд.

Мусоҳиба бо Юлдуз Усмонова: набояд аз миллати худ шарм дошт - видео

Тибқи иттилои манбаъ, шоми 14 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузории консерти муштарак бо иштироки ҳунарпешагони узбек ва тоҷик барномаи Рӯзҳоро боз ҳам рангинтар месозад.

Ёдрас мешавем, ки аз 10 то 14 октябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Узбакистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки мақсади он мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду давлати бо ҳам дӯсту бародар буд.

Созу овози тоҷикӣ дар Узбакистон: ҳунармандон хуш дурахшиданд

Хамчунин моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии муштараки "Шоми дӯстӣ" бо ширкати устодони санъати ҳарду кишвар баргузор гардида буд.