ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Маросими истиқболи расмии раисҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри федеролӣ баргузор гардида, парчамҳои давлатӣ афрохта шуд.
Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер гарму самимӣ истиқбол гирифт ва зимнан маросими аксгирии сарони давлатҳо ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар доир гардид.
Баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду давлат дар мулоқоту музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Швейтсария сурат гирифт.
Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер зимни мулоқот изҳор намудаст, ки "мо бо Тоҷикистон пайвандӣ дорем, зеро мо кишварҳои кӯҳистонӣ ҳастем ва дар сарҳади обҳои фаромарзӣ ҷой дорем. Омода ҳастем, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба ба манфиати мардумон лоиҳа ва ташаббусҳои дигарро низ бо Шумо якҷоя анҷом диҳем".
Тасдиқи сафари Раҳмон ба Аврупо: боздид аз Фаронса, Швейтсария, Чехия
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба ҷониби Швейтсария барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.