Ҷашнҳои рӯзи 3 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи сеюми ноябр дар Ҷопон – Рӯзи фарҳанг буда дар Либерия ҳамчун Рӯзи миннатдорӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар Фаронса аввалин чархбол дар таърихи ҷаҳон парвоз кард.
Sputnik

Рӯзи 3 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1903 Панама соҳибистиқлол гардид.

Соли 1907 дар Фаронса аввалин чархбол дар таърихи ҷаҳон ба ҳаво парвоз кард.

Ҷашнҳои рӯзи 3 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

 

Соли 1918 Ҳизби коммунистии Австрия таъсис дода шудааст.

Соли 1928 Туркия аз ҳуруфоти арабӣ ба лотинӣ гузашт.

Соли 1939 дар шаҳри Маскав ба нафароне, ки бо нишони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардида буданд, аввалин маротиба медали "Ситораи тиллоӣ" супорида шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҷашнҳои рӯзи 1 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 3 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни ҶТ "Дар бораи авф"-ро имзо намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

 

Соли 2010 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли маҳсулоти тамоку"-ро маъқул донист.

Ҷашнҳои рӯзи 3 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

 

Соли 2010 миёни Президент Эмомалӣ Раҳмон ва муовини вазири вақти корҳои хориҷии Бритониёи Кабир Симон Фрайзер атрофи авзои вақти Афғонистон ва роҳҳои бартарафсозии мушкилоти сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугўи судманд сурат гирифт.

Соли 2014 терминали нави фурудгоҳи Душанбе ифтитоҳ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

 

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ гардиданд.

Соли 2016 парлумони Тоҷикистон фаъолияти кормандонеро, ки соҳиби ду шаҳрвандӣ ҳастанд дар мақомоти қудратӣ ва ҳукуматӣ маҳдуд кард.

Ҷашнҳои рӯзи 31 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҷашнҳои рӯзи 3 ноябр

  • Дар Ҷопон – Рӯзи фарҳанг.
  • Дар Либерия – Рӯзи миннатдорӣ.

Ҷашнҳои рӯзи 30 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 3 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1929 – нависанда Масъуд Муллоҷонов.

Соли 1937 – балерина, ҳунарманди халқии Тоҷикистон  Бозгул Исоева.

Соли 1938 – нависанда Муҳиддин Хоҷаев.

Соли 1945 – нависанда Маъруф Бобоҷон.

Соли 1956 – доктори илмҳои филологӣ Сайфиддин Назарзода.

Соли 1964 – доктори илмҳои техникӣ Ҷалил Пириев.