Нуҳ оила аз деҳаи Хаспои ноҳияи Ванҷ ба ҷои бехавф кӯчонда мешаванд

Мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз тасмими кӯчондани 9 оилаи деҳаи Хаспо ба ҷойи бехавф хабар доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, рустои Хаспои ҷамоати деҳоти Техарви водии Ванҷи боло дар минтақаи хеле хавфнок ва аз ҳодисоти табиӣ осебпазир ҷой гирифтаст.

Раёсати хадамот: муҳоҷирони дохилӣ аз вилояти Суғд ба Данғара кӯч мебанданд

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳамасола бошандагони маҳалли миёнаҷои ин деҳа ба сабаби фаромадани тарма, селобҳо ва сангчархҳо маҷбур мешаванд, зимистону баҳор дар хонаи хешовандон ҷой бигиранд.

Хадамоти муҳоҷират таъкид намуд, ки гуруҳи корӣ вазъи деҳаро омӯхта, хулоса баровард, ки 9 хонаводаи деҳаи Хаспо ҳатман ба ҷойи бехавф кӯчонида шаванд.

Манбаъ афзуд, ки Ҷабори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ, барои ҳар як оилае, ки пештар дар макони хавфноки деҳаи Хаспо зиндагӣ мекард, ҳамчун муҳоҷири экологӣ дар мавзеи навбунёди Баравн ба андозаи 10 ҳисса замин барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва инчунин қитъаи киштзори наздиҳавлигӣ ҷудо кард.

Зикр шуд, ки дар мавзеи Баравн, аз дарёчаи Чихо дар масофаи қариб 9 километр канали обгузар сохта шуда, дар ин макон зиёда аз 50 гектар замини ҳамвор ва шодоб гардидааст.