Файзов: об дар Бадахшон зиёду соҳибкорон онро аз берун оварда, мефурӯшанд

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, аз иҷрои Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар вилоят изҳори нигаронӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои расмӣ, феълан беш аз 90 дарсади маҳсулоте, ки ба хориҷ содир мешавад, тавлиди “Помир Энержӣ” мебошад.

Ифтитоҳи терминали нави мусофирбарӣ: барои мактабхонҳою солхӯрдаҳо ройгону донишҷӯён арзон

Файзов, раиси вилоят, аз ҷараёни иҷрои барномаи воридотивазкунӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки то даври ниҳоии иҷрои барнома камтар аз якуним сол монда бошад ҳам, то ҳол бештари бандҳои он иҷро нашудаанд, навиштааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.

Манбаъ аз қавли раиси ВМКБ афзудааст, ки барои зиёд кардани номгӯи молҳои воридотивазкунанда дар вилоят захираю имкониятҳо зиёд бошанд ҳам, ин захираҳо мавриди истифода қарор нагирифтаанд.

“Зикр гардид, ки Бадахшон дорои захираи фаровони обҳои минералӣ аст. Мутаассифона, соҳибкорони мо ин ганҷи қиматбаҳои дари хонаро истифода набурда, ҳамасола бо хароҷоти зиёд аз минтақаҳои дигари кишвар ва хориҷа ба вилоят обҳои гуногуни ташнагишикан ворид мекунанд ва бо нархҳои гарон ба фурӯш мегузоранд”, - таъкид намудаст манбаъ.

Раиси вилоят барои ривоҷи савдо дар бозорҳои наздисарҳадӣ таҷдиди рӯйхати анвои маҳсулотро муҳим арзёбӣ намудаст. Ба гуфтаи ӯ, тамоми маҳсулоте, ки имконияти истеҳсол ва содироташонро шаҳру ноҳияҳои вилоят доранд, бояд барои содирот иҷозат дошта бошанд. Дар он сурат ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба маротиб меафзояд, изҳори боварӣ кардааст Файзов.