Зинда монд: кӯдаки тоҷик аз ошёнаи 17- ум ба замин сарозер шуд

Кӯдак аснои аз баландӣ ба поён сарозер шудан, аввал болои дарахт афтод ва сипас дар замин зад. Эҳтимо дарахт боиси аз марг наҷот ёфтани инатфоли тоҷик гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар деҳаи Дубкии вилояти Маскав як шаҳрванди кӯчаки Тоҷикистон аз ошёнаи 17 - уми бинои истиқоматӣ ба замин сарозер шуда, зинда мондаст, хабар медиҳад Подмоскове сегодня.

Даҳшат: кӯдак дар пеши чашми модар ба чоҳ сарозер шуд - видео

Ба хабари манбаъ, кӯдакро фавран ба беморхонаи наздиктарини вилоятӣ  интиқол доданд. Пизишкон мегӯянд, ҳарчанд тифл аснои сарозер шудан аз чанд қисмати баданаш шикаст хурдаст, вале  феълан ба ҷони ӯ хатаре таҳдид намекунад.

Гуфта мешавад, волидони кӯдак як сол пеш аз Тоҷикистон ба хотири дарёфти кор ба Русия омаданд ва замони сарозер шудани фарзандашон онҳо дар ҷойи кор қарор доштанд.

Дар Петербург кӯдаки 2- солаи тоҷик аз ошёнаи 7- ум сарозер шудаст

Духтарчаи онҳоро як хешовандашон нигоҳубинӣ мекард. 

Бар хабари сарчашма, духтарак курсиро назди тиреза оварда онро кушодаст ва ба поён сарозер шудаст. Аснои афтидан, ӯ аввал болои дарахт ва сипас ба замин задаст.  

Ҳамсояҳои онҳо бар ин боваранд, ки ҷони кӯдакро дарахт аз марг наҷот додаст. Хешовандонаш бошад, ин ҳодисаро ҳамчун мӯъҷиза маънидод мекунанд, зеро "аз ошёнаи 17 - ум ба поён сарозер шуда ва зинда мондан, қариб ғайриимкон аст, мегӯянд онҳо.

Хоби даҳшатбори ҳар модар: чӣ гуна зан кӯдакашро аз марг наҷот дод? - видео

Феълан ин муҳоҷирдухтари тоҷик дар беморхона таҳти назорати табибон қарор дорад.