Тоҷикистон боз як забоншиноси маъруфро аз даст дод: Мадиброҳим Норматов дунёро падруд гуфт

Мадиброҳим Норматов имрӯз дар синни 81 солагӣ дунёро падруд гуфт. Намози ҷанозаи ӯ пас аз зӯҳри имрӯз, дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Имрӯз забоншиноси маъруф, номзади илмҳои филология, устоди факултети филологияи ДМТ Мадиброҳим Норматов дар синни 81-солагӣ дунёро падруд гуфт. Намози ҷанозаи ӯ, баъд  зуҳри имрӯз, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".

Даргузашти Шодихон Юсуфбеков, профессори помиршиноси Тоҷикистон

Мадиброҳим Норматов 1-уми феврали соли  1938 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Забоншинос, номзади илми филология (1968), дотсент (1968), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ва аспирантураи он (1966). Аз соли 1961 устоди ҳамин донишгоҳ: ассистент, муаллим, муаллими калон ва аз соли 1968 дотсент то ҳол.

Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ зиёда аз 80 мақола ва барои донишҷӯён маводи илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ ба табъ расонидааст.

Дорандаи нишони сарисинагии "Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон", медалҳои "Барои меҳнати шуҷоатнот", "Собиқадори меҳнат" ва инчунин чандин ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Боз як Хуршед моро тарк гуфт: дар сӯги устод Додихудо Саймиддинов

Осори илмии олим иборатанд аз "Муқаддимаи забоншиносӣ", "Забоншиносии умумӣ", "Ҷумлаҳои содда дар забони адабии ҳозираи тоҷик", "Таҳлили синтаксисӣ ва намудҳои он", "Забони адабии ҳозираи тоҷик (Синтаксис).