Мадина Ақназарова "роман"- и худ бо Мастер Исмоилро рад кард

Мадина Ақназарова сарояндаи ҷавон ва машҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо рэпсарои тоҷик Мастер Исмоил робитаи ошиқона надоштаст ва то ҳол ӯро ҳамчун инсон хуб эҳтиром мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Сарояндаи ҷавон ва ҳамакнун маҳбуби Тоҷикистон,  Мадина Ақназарова дар мусоҳиба бо нашрияи "Оила" изҳор намудааст, ки бо Мастер Исмоил ягон робитаи ошиқона надоштаст.

"Чаро ранҷидаӣ": намоҳанги ҷадиди Мадина ва Хуҷаста

Дар ҳоле, ки қаблан дар мавриди муносибатҳоии қарини Мадина ва Исмоил сару садоҳои гуногун баланд буданд ва якбора қатъ шудани равобити онҳо аксар мухлисонашро дар тааҷҷуб монд.

Мадина дар иҳотаи мору муш: аз бадбинии ҷонварон то дӯстдории Нигина Амонқулова

Аммо Мадина дар сӯҳбат ба ин нашрия мегӯяд, ки Исмоил нахустин овозхон буд, ки ҳамроҳи ӯ ба саҳнаи ҳунар қадам зад. Ва барои ин дастгирӣ ба рэпсарои тоҷик миннатдор аст.

Ӯ робитаи ошиқона доштан бо Исмоилро комилан рад намуд ва гуфт, ки Исмоил оиладор, соҳиби зану фарзанд аст ва ӯро бисёр иззат мекунад, ба мисле, ки Мастер Исмоил ҳурмати ӯро ба ҷо меорад.

Дили ин бонуи ҳунарманд чуноне ки маълум гардид, озод аст ва то ҳол  дӯстписар надоштаст. Мадина мегӯяд, намехоҳад пешбинӣ кунад, ки ҳамсафари зиндагии ӯ чӣ гуна ҷавонмард мешавад. 

"Бароям танҳо як чиз муҳим аст, ки  ҳамсафари ман ҷавонмарди асил бошад", - афзудааст Мадина ба нашрияи "Оила".

Мадина Ақназарова дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ  шӯҳратёр гардид ва то кунин чандин сурудҳои худро бо забонҳои гуногуни дунё сароидааст.

Ӯ суруди "Ай ёр ёр" - и худро аз муваффақтарин сурудаҳои худ медонад.

Мадина ҳамзамон чандин сурудҳои машҳури қадима, ки аллакай аз ёдҳо рафта буданд, бозхонӣ намуда онҳоро зинда кард.