Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад ҳифзи марзи Тоҷикистонро пурзӯр кунад

Ин масъаларо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, дар дидору мулоқот бо ҳайати вакилони Парлумони Урупо дар Қасри миллат баррасӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Урупоро таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло ба ҳузур пазируфт.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумони Урупо, масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии Иттиҳоди Урупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон Иттиҳоди Урупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номида, аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Ҷонибҳо соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятиро аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида, нақши фаъолияти пайвастаи Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ ва сиғаи нисбатан нави он — зеркумитаи рушди ҳамкорӣ, муколамаҳои сиёсию амниятӣ ва ҳуқуқи инсонро назаррас арзёбӣ карданд.

Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон манфиатдор аст робитаҳояшро бо Парлумони Урупо дар масъалаҳои такмили парламентаризм, волоияти қонун, соҳаҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон, бахши маориф ва дигар масъалаҳои мавриди назар минбаъд ҳам густариш диҳад.

Генерал Ятимов бо ҳамтои қирғизаш дар Исфара масъалаи марзро баррасӣ кард

Ҳамчунин ҷонибҳо ба масъалаҳои мусоидати Иттиҳоди Урупо ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи миллии рушди мамлакат  то соли 2030 ва Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Урупо барои давраи то соли 2020 аҳаммияти хосса зоҳир кардаанд.

Протокол имзо шуд: Тоҷикистону Узбакистон масъалаи марзро баррасӣ карданд

Татбиқи амалии Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ва  "Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ" барои минтақа муҳим арзёбӣ карда шудааст.

Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон вазъияти марзро баррасӣ карданд

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон баррасӣ гардида, идомаи ҳамкорӣ бо барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шумурда шудааст.